Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 98572 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиро гузарониданд, ки 88%и иҷроиши дурнаморо ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4116 га зиёд мебошад. То санаи 08.05.2020с. дар ҷумҳурӣ майдони 21069 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 53%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, дар майдони 33841 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 84%-и иҷроиши нақшаро дар бар мегирад.

Бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси  фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020с.  бармеояд,  дурнамои майдони кишти картошка 40%  ва майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 60% зиёд пешбинӣ карда шуд.

https://moa.tj/