Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини  амнияти озуқаворӣ, зироатпарварӣ ва дастрасии мардум ба сабзавот дар чор фасли сол пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорӣ  майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро вусъат бахшида, марҳила ба марҳила афзун менамояд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 100,54 га гармхона, ки дар он кишти сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 57,19 га, бодиринг 21,85 га ва дигар намуди сабзавот 21,50 га ба роҳ монда шудааст.

Аз лиҳозе, ки кишоварзон майдонҳои гармхонаҳоро самаранок  истифода мебаранд,  ҳосилҳои фаровон ба даст овардаистодаанд.

То санаи 08.05.2020 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 845,4 тонна помидор, 274,1 тонна бодиринг ва 298,5 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1418,0 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намудаистодааст.

https://moa.tj/