Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ин босуръат саноаткунонии кишвар мебошад, ки рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои он замина гузошта метавонад. Ба ин васила имконият фароҳам меояд, ки аҳолӣ бо мева, саноат ва ашёи хом таъмин гардида барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2913 га бунёди боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардида, то санаи 08.05.2020с. 2573 га боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шуд, ки 88,3%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Соли чорӣ кишоварзони вилояти Хатлон 1126 га бунёди боғу токзори навро ба нақша гирифта, то санаи 08.05.2020с.  1225 га ё 108,8%, вилояти Суғд 255 га ба нақша гирифта 632 га ё 2,4м% ва НТҶ бошад 1456 гектарро ба нақша гирифта 706 га ё 48,5% боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки дар ҷумҳурӣ 88,3%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

https://moa.tj/