Дарахтони шафтолу низ сармои аввали фасли баҳорро аз сар гузаронида, ба стресси табиӣ дучор гардиданд. Барои беҳтар намудани нашъунамои дарахтони шафтолу ва бартараф намудани фишори табиӣ истифодаи антистрессантҳоро аз ҷумлаи Aminomax (барои 1 га 3 л-ро бо 1000 л об омехта ), ё Nutrivant Greap(барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ва ё Basfoliar Avant Natur (барои 1 га 2 л-ро бо 1000 л об омехта) низ тавсия дода мешавад.

Дарахтони шафтолу бештар ба касалиҳои занбӯруғӣ ба мисоли гардзанӣ дучор мегарданд. Аз ин сабаб, пешгирӣ намудани онҳо чорабинии ҳатмӣ шуморида мешавад. Барои муҳофизат аз ин касалиҳо коркард бо фунгитсиди Браво (барои 1 га 2,0 л-ро бо 1000л об омехта) ва ё Топаз (барои 1 га 0,5-1,0 л-ро бо 1000л об омехта) тавсия мешавад. Пошидани фунгитсиди Скор (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об) метавонад инчунин якчанд касалиҳои занбӯруғии ба шафтолу марбутро, аз ҷумлаи клястероспориоз, монилиоз, печиши барг ва ғ., нобуд созад. Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо фунгитсиди Косайд (20-25 гр-ро бо 10 л об омехта) бегоҳӣ коркард кардан лозим аст.

Дар мавриди мавҷуд будани ширинчаи сабз, мевахӯраки шафтолу, ширинчаи хунин пошидани яке аз ин препаратҳо — Актеллик (барои 1 га 2,0 л-ро бо 1000 л об омехта), Каратэ (барои 1 га 0,6-0,8 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия мешавад.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев