Дар ин моҳ бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои картошка каландкунӣ, хоккашкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг бояд гузаронида шаванд.

Ғизодиҳиро аз барг пеш ва баъд аз гулкунӣ гузаронидан лозим аст. Барои ин коркард бо маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га замин Агровитамин — 2,0 л ва ё Атонник — 200 мл-ро ба 300 л об омехта карда, 3-бор бо фосилаи 10 рӯз) тавсия карда мешавад.

Барои муҳофизат аз касалиҳои фитофтороз ва алтернариоз коркард бо фунгитсидҳо – Маҳлули бордосии 1%- а, Ридомил Голд (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта) гузаронидан мумкин аст. Инчунин, дар вақти нашъунамои зироат барои муҳофизат аз касалиҳои занбӯрӯғӣ ва бактериалӣ бо фунгитсиди Косайд (барои 1 га 2 кг-ро бо 300-400 л об омехта) коркард кунед.

Барои муҳофизат аз зараррасонҳо ба мисоли гамбӯсаки колорадӣ коркард бо ЭНЖИО (барои 1 га 0,250 л-ро бо 300 л об омехта), куяи картошка – Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5 л-ро бо 300 л обомехта), симкирмак – Ланнат (барои 1 га 1,3 л-ро бо 300 л об омехта) бегоҳӣ ва дар вақти салқинӣ гузаронед.

Дар минтақаи агроиқлимии Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ) ва минтақаи Исфара (ноҳияҳои Исфара ва Конибодом) барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ҳамаи ин чорабиниҳоро гузаронидан зарур аст.

Дар минтақаи агроиқлимии Зарафшон (ноҳияҳои фарогиранда: Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Деваштич – ҷамоатҳои Ваҳдат, И. Сомонӣ, Росровут, Панҷакент, Шаҳристон – ҷамоати Бунҷекат, Варзоб – ҷамоати Зидӣ), минтақаи Қаротегину Дарвоз (Ғарм) (ноҳияҳои фарогиранда: Нуробод, Рашт, Роғун, Балҷувон, Мӯъминобод, Ховалинг) ва минтақаи Қаротегину Дарвоз (Тавилдара) (ноҳияҳои фарогиранда: Сангвор, Тоҷикобод, Шамсиддини Шоҳин) бошад, дар ин моҳ тухмиро кишт карда, барои пешгирӣ аз касалии макроспороз, коркард бо фунгитсиди Дитан (барои 1 га 1,5-2,0 кг-ро бо 200-400 л об омехта) гузаронидан лозим аст. Инчунин, чорабиниҳои дар боло овардашударо низ гузаронидан тавсия мешавад.

Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Кофарниҳон) (ноҳияи фарогиранда: Рӯдакӣ – ҷамоати Эсанбой, Н. Хисрав, Шаҳритус) бошад, вақти обёрӣ ва чиниши ҳосил аст.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков