Афзоиши ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ва коҳиши ҳаҷми содироти он аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар идома дорад.

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3,8 млрд. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 11 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2,8 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 15% ё худ 372 млн. доллар зиёдтар аст.

Қариб чоряки воридоту молу маҳсулот  ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумӣ ба воситаҳои нақлиёт ва мошину таҷҳизот рост меояд.

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 991 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6% ё худ 105 млн. доллар камтар мебошад.

Беш аз нисфи содироти молу маҳсулот аз кишварро маҳсулоти минералӣ, қариб 22%-ро – фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он ва наздики 21%-ро маҳсулоти дӯзандагӣ ташкил додааст.

Ҳамиин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон чун ҳамешагӣ манфӣ ва ба наздики 1,9 млрд. доллар баробар шуд.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия боқӣ монда, тайи 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 924 млн. долларро ташкил дод.

Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон – ба маблағи ҳудуди 769 млн., Чин – беш аз 589 млн., Туркия – зиёда аз 370 млн. ва Ӯзбекистон – дар ҳаҷми наздики 259 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20181218/mablai-fari-voridotu-sodiroti-toikiston-ba-2-mlrd-dollar-nazdik-meshavad