Рӯзҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ярмаркаи мазкур бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар он иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Олмон Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Кореяи ҷанубӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамзамон соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ дар назар аст.

Зикр мегардад, ки инчунин дар рӯзҳои баргузории Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Read more: http://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20180705/sud-2018-toironi-kishvaroi-horii-duru-nazdikro-girdiam-meorad